Новобаста аз ҷаҳонбинии шумо, эҳтимолан шумо розӣ мешавед, ки ҷомеа ин қисми ҷудонашавандаи инсоният аст. Одамон – махлуқҳои ҷомеавӣ буда – ҷузъи оила, дӯстон, дастаҳо, гурӯҳҳо, қабилаҳо ва ғайра мебошанд. Дар таърихи масеҳият низ ҷомеа ҷои марказиро ишғол мекунад. Мо худро бо дигарон дар ҳамон як ҷомеа баробар мекунам…

Ҷамоат дар таърихи мо ҷои марказӣ дорад

Дар китоби якуми Каломи Худо (Китоби Муқаддас) «Ҳастӣ» ҳикоя дар бораи ҷомеа шарҳ дода шудааст. Одамон бо Худо ва бо ҳамдигар пайваст буданд (Ҳастӣ 1:26, 2:18, 2:18, 3: 15-17). Худо Худаш аз се Шахсияти пурасрор иборат мебошад ва масеҳиён онро Сегона меноманд (Матто 3:17, 28:17). Мафҳуми гуноҳ ё “хатти шикаст”, тавассути тамоми ривояти масеҳӣ мегузарад ва ибтидои он аз замонҳои Одам ва Ҳавво оғоз меёбад. Ин ҳамон вақтест, ки Одам ва Ҳавво фармони Худоро рад карданд, чунки мустақил будан мехостанд(Ҳастӣ, боби 3). Дар натиҷаи ин инсоният ба худпарастӣ рӯ овард ва диққаташро бештар аз Худо ва ҷомеаи Худо гардонд.

Ҳадафи мо дар доираи ҷомеа иҷро карда мешавад

Масеҳиён боварӣ доранд, ки ҳар як шахс аз Худо ҳадафе дорад ва чи тавре, ки мо баъзан мегӯем мағзи ин ҳадаф тавоноӣ ва майл мебошанд. Ин мафҳуми тавоноии мо ба касбу кор ва дар мартаба баланд шудан, маҳдуд намешавад; он тамоми паҳлӯҳои ҳаёти моро фаро мегирад: мисол оила, дӯстон, нақши мо дар иқтисодиёт ва ғайра.

Тавоноии мо барои мо он вақт муйаян карда шуд, ки Худо инсониятро дар сурати Худаш офарид (Ҳастӣ 1:27). Гуфтаҳои Ӯ аслан чунин маъноро дорад: «Ба замин ғамхорӣ кунед (Ҳас. 1:28)»,

Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ӯро насиб кардааст, бимонад…

1 Қӯринтиён 7:17а

Ҳар як шахс тибқи як қатор малакаҳояш, хусусиятҳои хислат ва ақлӣ ва ғайраро дошта, дар ҳар як ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекунем, хоҳ дар оила, муносибат бо ҳамсояҳо, ҷои кор ва ғайраву ҳоказо, “ниқоби Худо” мебошад.

Андивидуолисм* ҳадафи асосии масеҳиён нест. Онҳо бештар одамони дигар, «наздиконашон»-ро гӯш мекунанд (Матто 22: 37-40), чи тавре ки аз ибтидои офариниш пешбинӣ шуда буд. Ва мафҳуми “наздикон” танҳо бо он одамоне маҳдуд намешавад, ки ба мо маъкуланд ё бо онҳо зистан мувофиқ аст; инчунин одамони мебошанд, ки ба кӯмак ниёз доранд ва онҳое низ дохил мешаванд, ки бо онҳо иттифоқ бунан намехоеҳем (Луқо 10: 29-37).

Малакути Худо (Подшоҳии Худо)

Ривояти Китоби Муқаддас дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки одамон кӯшиш мекарданд дар он ҷамъияте зиндагӣ кунанд, ки ба хости Худо мувофиқ бошад. Аммо гуноҳ ҳамеша барои ин тавр зистан монеа мешуд. Мутаассифона, гуноҳ моро маҷбур месозад, ки на ба эҳиёҷоти наздиконамон, балки ба хоҳишҳои шахсии худ, алалхусус ба ҳиси худпарастии худ, раҳбалад бошем. Маҳз Исо ба шарофати марг ва эҳёи Худ, муносибатҳоро пайваст ва ҷамъиятро зинда мекунад – аввал, инсониятро бо Худо оштӣ медоронад ва баъди он одамонро ба ҷамоати Худо мубаддал месозад. Бозгашти Исо барои инсоният давраи навро мекушояд, ки онро “Малакути Худо” меноманд.

Худи Исо ифодаи “Малакути Худо”-ро 80 маротиба дар чор Инҷил истифода бурдааст. Ин чор Инҷил дар бораи ҳаёти зиминии Исо ривоят мекунанд ва дар Китоби Муқаддаст ҷой доранд. Исо ҳатто ҳадафи худро муайян карда, гуфт, ки Ӯ бояд хушхабари Малакути Худоро дар дигар шаҳрҳо мавъиза кунадад; зеро Ӯ маҳз барои ҳамин фиристода шудааст (Луқо 4:43, Марқӯс 1: 14-15). Малакути Худо – оғози раванди навсозӣ ва барқароркунии офариниш аст. Зеро ҷаҳони имрӯзаи мо аз сабаби ба гуноҳ олуда гардиданаш, ҳадафи аввалаи Худоро гум кардааст ва ба барқароршавӣ эҳтиёҷ дорад. Ва ин давраи нав барои раҳои ёфтани эҳтиёҷмандон ва мазлумон муайян карда мешавад (Луқо 4:18).

Малакути Худо дар он ҳолате, ки Исо боз меояд бо пурраагиаш амалӣ мегардад. Вале мо бояд имрӯз шаҳодати ин навсозиҳо ва барқароршавиҳоро дар ҷомеаҳои худ бинем. Қисми аҷоиби таърихи масеҳият аз он иборат мебошад, ки гарчанде одамон, худашон дар навбати аввал сарчашмаи мушкилот бошанд ҳам, Худо қарор кард, ки одамон дар нақшаи таъсиси Подшоҳигарии Ӯ фаолона иштирок кунанд. Маҳз ҳамин қисми ривоят, ҷоҳонеро, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, тағйир дода метавонад.

Нақши масеҳиён аз он иборат аст, ки ҷамъятро ба самти Малакути Худо бо қобилиятҳое ки Худо онҳоро мусаллаҳ кардааст, раҳбалад бошад. Яъне барои пойдор кардани Подшоҳигарии Худо масеҳиён ба одамон ва махлуқоти атрофашон, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, қадам ба қадам бо муҳаббат ва умед, одилона ва бо ғамхорӣ рафтор кунанд.

“Ҷамоати Маҳбубон”

Мутаассифона, мо дар фарҳанге зиндагӣ мекунем, ки ҳамчун фард, ҳуқуқи ҳар хел фикр кардан ва рафтор намуданро иҷозат медиҳад. Мо дар фарҳанге зиндагӣ мекунем, ки ҳисоботдиҳӣ ва ҷавобгарӣ, на ҳамчун як фоида, балки чун талабот қабул карда мешавад. Барои бисёр одамон, шабакаҳои иҷтимоӣ ҷои бештар харобшудаи танҳоӣ эҷод кардаанд. Васоити Ахбори Оммаи шахсишуда, ҷамеаҳои истисноӣ ва гурӯҳҳои тангфикрро таъсис доданд. Вақти зарурӣ барои паҳн кардани Малакату Худо – ин имрӯз аст.

Ҳазрат ва дуктур Мартин Лютер Кинг Подшоҳигарии Худоро Ҷамоати Маҳбубон номгӯӣ кард. Дар асл, Шоҳигарии «Ҷомоати Маҳбубон» ҳадафи баланди хаёлпарастӣ набуд. Инро бо шакли ваҷдоварӣ подшоҳигарии сулҳдӯстонаи ҷаҳонӣ, ки он ҷо шерҳо бо гӯсфандон дар осоиштагии ҳамоҳанг зиндагӣ доранд, омехта накунед. Шояд,”ҷомеаи Маҳбубон” барои ӯ, тавассути анбӯҳи қатъии одамоне, ки тарафдорони ин ақида ва усулҳои ғайризӯроварӣ мебуданд, воқеӣ ва ҳадафи имконпазир мегардид.

Ҷамъияти Маҳбубони дуктур Кинг – ин диди миқёси ҷаҳонӣ ҳаст, ки дар он одамон бойгарии заминро баробар истифода мебаранд. Дар ҷамоати Маҳбубон камбизоатӣ, гуруснагӣ ва бехонагӣ иҷозат дода намешавад, зеро стандартҳои байналмилалии оқилонаи инсонӣ ба он имкон намедиҳад. Нажодпарастӣ ва ҳама шаклҳои поймоли ҳуқуқ, фанатизм ва бадгумонӣ бо рӯҳияи ҳамадарбаргирии бародарӣ иваз карда мешаванд. Дар ҷомеаи Маҳбубон, ҳама баҳсҳои байналмилалӣ ба ҷои зӯроварии ҳарбӣ бо роҳи сулҳҷӯёна ва оштии тарафайн ба танзим дароварда мешавад. Муҳаббат ва боварӣ аз болои тарс ва бадбинӣ ғолиб мегардад. Сулҳ бо адолат аз болои муноқишаҳои ҳарбӣ бартарӣ хоҳад дошт.

Консепсияи ҷамъияти Маҳбубон – ин инъикоси «Подшоҳигарии Худо» аст. Мутаассифона, имрӯз чунин ба назар мерасад, ки имон танҳо моли ҷомеаи диндорон ё ки як сохти эътиқодӣ шахсӣ гардидааст. Масеҳият бояд имоне бошад, ки масеҳиёнро на танҳо дар калисоҳо, балки дар тамоми соҳаҳои ҷамъият ки мо дар он кор мекунем, барангезанда бошад. Ва масеҳиён бояд намояндагони муҳаббат, сулҳ, шифодиҳанда ва дилсӯзии Худо дар ҳамаи ин ҷамъятҳо шаванд.

Андивидуолисм* – асолати фард, фардгароӣ, назарияе, ки комравоии фардиро ғояти амали иҷтимоӣ ва зиндагӣ мешуморад.

, ,
admin

Администрирование сайта, перевод статей на другие языки, модерирование.

Similar Posts
Latest Posts from THRED.ASIA

Leave a Reply

Your email address will not be published.