Ҳар як вақти дилхоҳи рӯзро интихоб карда ба канали ахбороти умум ё ба сайти ахбороти дӯстдоштаатон дароед. Фарқ надорад, ки ба каодомаш даромадед. Як мудат мунтазир шуда, шумо дар бораи ягон хабари даҳшатнок мешунавед: Зилзила, низоҳои ҷангӣ, беборонӣ, эпидемия, сунами ё боришоти сел, фалокати ядроӣ, кӯдакони гурусна, терористҳо, рӯйхати офатҳоро боз давом додан мумкин аст. Ва дар ҳаёти худди шумо низ нохӯшиҳое ба монанди саратон, бачапартоӣ, вайрон шудани муносибат, аз кор хориҷ шудан, сӯхтор дар хона, ғайраву ҳоказо, шояд рӯй додаистодаанд ва боз ҳам рӯйхатро идома додан мумкин аст. Пас, барои мо масеҳиён ба таври нохоҳам, саволе пайдо мешавад: Оё Худо ҳаст ё не? Агар Худо бошад, пас чаро Ӯ гузошт, ки ин нохушиҳо рӯй додаистодаанд? Ё Ӯ нотавон аст, ки сари роҳи ин нохушиҳоро гирифта натовонист? Шояд, Ӯ Худаш дар ҳақиат накӯ нест? Шояд, Ӯ ба мо кор надорад? Ин рӯйдодҳоро мо “мушкилоти бад” меномем.

Бо чунин фикррониҳо масеҳиён бояд мубориза баранд. Аммо агар шумо масеҳӣ набошед, боз як мушкилии ба ин монанд, пайдо шуда метавонад: Чӣ тавр ин масеҳиён, ки баъзеяшонро ман ҳамчун одамони оқил ва доно медонам, ба гуфти худашон, боз ба чунин Худои меҳрубону тавоно эътиқод дошта метавонанд, дар вақте ки чунин нохӯшиҳоро дидаистодаанд?

Тансифи мушкилот

Мушкилоти бадӣ бо якчанд ақидаҳои устувор ва бовариҳо алоқамандӣ доранд ва ба назар чунин менамояд, ки бо ҳам зиддият доранд:

  • Худо – нек аст.
  • Худо– қодир аст.
  • Худо– ҳамадон аст.
  • Худо– нисбати ҳама ғамхорӣ мекунад.
  • Бадӣ вуҷуд дорад.

Кӯшишҳои оштӣ кардани ин панҷ эътиқод метавонад хулосаҳои гуногунро эҷод кунад.

  • Баъзе одамон мегӯянд, ки Худо набояд меҳрубон бошад ва аз ин сабаб ба бадӣ иҷозат медиҳад, ки дар ҷоҳон вуҷуд дошта бошад.
  • Дигарон мегӯянд, ки Худо накӯ аст, аммо Ӯ куввати нест кардани бадиро надорад.
  • Баъзеҳо мегӯянд, ки Худо накӯ ва қавӣ аст, аммо Ӯ наҳамеша медонад, ки бадӣ кай ба вуҷуд меояд ва аз ин сабаб онро боздошта наметавонад.
  • Дигарон мегӯянд, ки Худо нек, қодири қудрат ва ҳамадон мебошад ва дар мавриде, ки мо азоб мекашем, Ӯ бепарво аст ва аз ин хотир ҳеҷ чиз намекунад.
  • Баъзе одамон мегӯянд, ки бадӣ – ин ғалати тасаввурӣ аст ва аз ин сабаб дар асл ба ақидаи қодири қудрат, ғамхор ва накӯ будани Худо зиддият намекунад.

Масеҳият ҳеҷ яке аз ин изҳоротро қабул надорад. Гарчанде онҳо аз рӯи мантиқ дуруст менамоянд, вале ҳамашон ба як ва ё якчанд ақидаҳое, ки мо тарафдори онем, ихтилофот доранд ва мо чунин мешуморем ки далелҳои асоснок дорем. Аз ин рӯ, мо бо ин мушикилоти бад мубориза мебарем.

Масеҳиён ин мушкилиро чӣ тавр ҳал мекунанд?

Муносибати бо мантиқ

Барои ин, дар муқоиса ба таҷрибаҳо ва ақидаҳои илмӣ мо ” муносибати бо мантиқ” -ро истифода мебарем. Ҳар як шахс ба саволҳои тахминан ба ин монанд, ҷавоб медиҳад:

  • Барои чӣ ҳамсар ҳамеша дер ба хона дер меояд?
  • Оё ман бояд дӯстонамро интизор шавам ё доимо бояд фикр кунам, ки дӯстонам маро партофта ба хонаҳояшон рафтаанд?
  • Ӯ маро таъқиб мекунад?
  • Ман соати дастиамро дар хона наёфтаистодаам – шояд ягон касе аз аъзоёни оилаи ман онро гирифтааст, ё ин ки худам онро дар ҷояш нагузоштам?

Шумо дида метавонед, ки ҳамаи ин саволҳо дар асл ба як савол равона карда шудаанд: “То чи андоза ман ба Х – шахс (ё шахси номаълум) боварӣ карда метавонам?”

Акнун, агар мо ба ин саволҳо, мантиқи илмиро истифода бурдан хоҳем, аввалин чизеро, ки мо эҳтимол мекунем, далелҳоро ҷамъ карда – сенҷиш мегузаронем – тамоми имконотро беғаразона дида мебароем, аз ҷумла бевафоӣ, ғазаб, кина, худпарастӣ ва хасисиро ҳам дар назар мегирем. Шахсе, ки соатро гум кардааст, амали худро чунин тартиб дода метавонад; ашёҳои дигари арзишнокро дар ҷои намоён гузошта, назорат мекунад, ки онҳо гум мешаванд ё не. Шахсе, ки ҳамсар дорад, метавонад детективро ба кор гирад ё телефони ҳамсарашро тафтиш кунад. Ва ҳамаи ин тарзи ҷамъоварии далелҳои мантиқии “илмӣ” шуда метавонист. Аммо, ба таври умумӣ карда гӯем, ба бисёри одамон чунин усул маъқул нест. Умедворам, ки шумо оиди садиқ будани шавҳар ё зани худ ин гуна таҷрибаҳоро истифода намебаред. Ё ин ки, шумо дар ҷои хилват хунсардона пинҳон шуда, назорат намекунед, ки кадоме аз аъзоёни оилаатон гирифтори васваса шуда, ягон чизи қиматро медуздад ва шумо он чизро чун панир дар қапқон истифода мебаред, то ки ӯро дида, аз дасташ дошта, вайро фош кунед. Боз умедворам, ки шумо бешубҳа телефони одамонро тафтиш ва онҳоро таъқиб намекунед, то аниқ намоед, ки онҳо ба шумо хиёнат намекунанд! Чунин рафтор дуруст нест. Лекин агар ба чунин вазъиятҳои дар боло зикр шуда баргардем, одамон то он даме ки аниқ боварӣ доранд, ки дигарон айбдоранд, одатан чунин рафтор мекунанд. Ин ягона мавридест, ки ин гуна чораҳо асоснок шуморида мешавад. Аз пуште он шахсе, ки шумо ӯро солҳои зиёд медонед ва дӯст медоред, онеро ки шумо ҳамеша боэътимод ва росткирдор мешуморед, онеро кӣ то ин дам хиёнат накардааст ва ба гумонбарӣ асосе надодааст, ҷосусӣ кардан – хислати шахси паст аст. Мо ин корро намекунем. Агар мо мушкилиҳо дошта бошем, дар бораи онҳо гап мезанем. Мо саволҳо медиҳем. Ва агар мо то ҳол ҷавобҳоро надошта бошем, эътимод барои мо хеле муҳим аст. Муносибатҳои мантиқдор ба мо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр бояд рафтор кунем. Ва мантиқ чунин мегӯяд:

Ба онҳое, ки сазовори эътимоданд, боварӣ кун. Ба онҳое, ҳатто агар вазъият зиди онҳо аст, вале онҳо боре ҳам ба шумо дурӯғ нагуфтаанд, боварӣ кунед. Ба онҳое, ки ҳамеша эътимоднок буданд ва дар мавриди мушкилӣ пушташонро нагардонда, муҳаббат ва ғамхориро зоҳир кардаанд, боварӣ кунед.

Дер ё зуд, ҷавоб эҳтимолан пайдо мешавад. Пас, шумо шояд савол медиҳед, шавҳарам шаб бевақт меомад? Шояд, ҳамсари шумо кори иловагӣ гиритфта буд, то ба шумо тӯҳфаи (ногаҳонӣ) тақдим кунад ва барои пардохти он тӯҳфа то бевақтии шаб кор мекард. Дар вақти зарурӣ дӯстон наомаданд? Ҳангоми сафар ба назди шумо, чархи мошин сӯрох шуд. Таъқибот? Дӯсти номаълуми шумо, ки гӯё шуморо таъқиб мекард, алакай шаш ҳафта шуд, ки ба бомории аневризм дар касалхона хоб аст. Ҳа, бале, соати гумшуда дар байни болиштҳои диван ёфт шуданд, шумо бояд ҳуҷраро зуз – зуд рӯбучин кунед.

Чӣ гуна масеҳиён мантиқро дар муносибатҳо ба кор мебаранд

Бубинед, ки чӣ тавр масеҳиён, ҳангоми муносибат ба Худо мантиқро ба кор мебаранд. Худо – шахсиятест, ки мо Онро медонем, бо Он шинос ҳастем, бо Ӯ дӯстӣ ва муҳаббат дорем. Ӯ барои мо мавҳуми фикрӣ ё хаёлӣ нест. Ӯ ба ҷисми одамӣ, дар шахсияти Исои Масеҳ зоҳир гашт. Пеш аз кушта, эҳё ва ба осмон рафтанаш, ваъда дода буд, ки бо мо абадан мемонад. Ва ин дар асл он чизест, ки бо мо рӯй додаистодааст. Ӯ – Онест, Кӣ – ноаён, шуниданашаванда, вале ҳар рӯз ҳамрои мо буда, ҳузураш доимо аён мебошад. Фаҳмонидан душвор аст, аммо ин ҳамин тавр аст (ҳатто дар он лаҳзаҳое, ки мо дар зери дидораш будан намехоем). Ва дар натиҷа Худо, дар Исо Масеҳ ба ҳамон гурӯҳ дохил мешавад, ки наздиконамон, ҳамсар, дӯстон, фарзандон ба он медароянд. Бе назардошти он, ки ҳоло чӣ ҳодиса рӯй додаистодааст, мо бояд дар асоси он, ки Ӯ дар гузашта ба мо чи тавр муносибат карда буд, такя карда баҳо диҳем. Оё, магар он вақт Худо содиқ, меҳрубон, ростқавл набуд? Магар ба ваъдаҳои додагиаш содиқ ва Худаш эътимоднок набуд? Оё, магар бо шумо ба масофаҳои дуру дароз ҳамроҳ буда, ба шумо кӯмак накардааст? Аз онҳое, ки масеҳӣ ҳастанд, пурсед. Ҷавобҳо ҳамеша «ҳа, бале, оре» мебошад. Ин мисоли донистан ва дарки Худо, на танҳо аз ҳикояҳои Китоби Муқаддас аст, балке аз таҷрибаи шахсии мо низ ҳосил шудааст. Ва боз мо Худоро ба воситаҳои амалҳояш, ки дар ҳаёти мо кардааст, дидаем. Мо метавонем боз шоҳидони шахсии Ӯ бошем, чунки шахсан бо Ӯ шинос ҳастем. Мо аниқ медонем, ки Ӯ накӯ, ғамхору хирадманд ва ҳаким аст.

Ва ҳол он ки бадӣ низ вуҷуд дорад. Ва ба мо ҳам, чун ба дигарон таъсири худро мерасонад. Мо низ инчунин аз саратон ё бемориҳои қалб осеб меёбем. Ба мо низ бемории Алсгеймер насиб шуда метавонад. Мо ҳам ҷои кории худро аз даст медиҳем, аз сӯхтор азият мекашем. Мо одамонеро, ҳатто фарзандонамонро ки дӯст медоранд, аз даст медиҳем. Пас инро бо Худое, ки медонем, дӯсташ медорем ва ба Ӯ эътиқмандем, муқоиса кардан мумкин аст?

Ҷавоб: ин бо ҳеҷ роҳ фаҳмида намешавад.

Аз сабаби он ки мо бо Худо муносибат дорем, боварӣ карданро ба Ӯ давом медиҳем. Мо он кореро мекунем, ки дигарон онро низ мекунанд. Ва ҳатто агар мо сабаби амалҳои Ӯ хашмгин, нороҳат шавем ва бисёр чизҳоро нафаҳмем ҳам, ба Ӯ эътиқонд дорем. Дар охир, вай моро дӯст медорад, вафодор аст, ҳақиқатро ба мо нишон дод ва мо инро медонем. Тасвире, ки Ӯ ба мо зоҳир кард, ҳама чизи дигарро бартараф менамояд. Мо умедворем, ки ба ин саволҳо ҷавоб меёбем. Аммо дар айни замон, мо чуқуртар дарк кардани Худоро ба воситаи муносибат бо Исои Масеҳ, давом дода истодаем.

, ,
admin

Администрирование сайта, перевод статей на другие языки, модерирование.

Similar Posts
Latest Posts from THRED.ASIA

Leave a Reply

Your email address will not be published.