Поквиҷдонӣ. Ростқавлӣ. Раҳмдилӣ. Бахшидан. Далерӣ. Фурӯтанӣ. Итоаткорӣ. Вафодорӣ. Боваринокӣ. Осоиштагӣ. Марҳамат. Дилсӯзӣ. Боисрор будан. Муҳаббат. Умед. Шикастанафсӣ. Саховат. Хирадмандӣ. Пурсабрӣ. Ақли солим. Ҷидду ҷаҳд. Пуртоқатӣ. Зиндадилӣ. Худназоратӣ. Оромӣ. Садоқат. Қаноатмандӣ. Қувват. Хурсандӣ. Покӣ. Ягонагӣ. Имон. Эҳтиром. Қадру қимат. Шараф. Адолат. Покдоманӣ. Ҳассосият. Эҷодкорӣ. Шукргузор будан. Хоксорӣ. Боинсофӣ. Масъулиятшиносӣ. Уҳдадорӣ. Самимият. Интизомнокӣ. Боилтифотӣ. Бодиққатӣ. Беайбӣ. Боназоакатӣ. Саъю кӯшиш.

Ин рӯйхати хурди он аст, ки мо некӯкориҳо меномем – яъне сифатҳое ки дар одамон хуб, дилписанд ва олидараҷа ҳастанд. Баъзеи ин некӯкориҳо аз рӯйхат дар Китоби Муқаддас гирифта шудаанд. Дигарон аз асарҳои классикии қадим гирифта шудаанд, ё аз фарҳангҳои тамоми ҷаҳон. Ин аҳамияти зиёд надорад — аз афташ, инсоният, дар масъалаи ҳақиқатан хуб будан ҳамфикрии умумӣ дорад — ҳамон гуна сифатҳо доштан, ки Худо моро он гуна дидан мехоҳад.

Ин некӯкориҳо мақсадҳое  мебошанд, ки мо ба сӯи онҳо ҷидду ҷаҳд менамоем – сифатҳое ки мо дар зиндагии худ ва дар зиндагии одамони атрофамон  дидан мехоҳем. Ва ин некӯкориҳо дар ҷаҳоне ки мо дар он зиндагӣ мекунем, торафт бештар медурахшанд — дар ҷаҳоне ки ин қадар бисёр сарварони тавоно рӯйрост дурӯғ мегӯянд, фиреб мекунанд, медузданд ва чизи мехостаашонро кашида мегиранд, ва дар хусуси эҳтиёҷоти онҳое ки аз худашон беқувваттар ҳастанд, парвое намекунанд. Ва онҳо бисёр пайравон доранд — эҳтимол, бо зимни сардори шумо, ҳамсояатон ё ҳатто узви оила, ки бо ӯ зиндагӣ мекунед. Дар давраҳои тираву тор некӯкориҳо равшантар медурахшанд. Онҳо моро ба худ ҷалб менамоянд.

Китоби Муқаддас инро тасдиқ мекунад. Пайғамбар Мико некӯкориҳоро номбар мекунад, ҳангоме ки мегӯяд: «Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст, ва Парвардигор аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ» (Мико 6: 8). Агар мо ҳақиқатан ин корро карда метавонистем — бисту чор соат дар як шабонарӯз, ҳафт рӯз дар як ҳафта – ҳақиқатан чун одамони некӯкоре ки Худо моро он гуна дидан мехоҳад, зиндагӣ кунем — ин  то чӣ андоза олидараҷа мебуд? Ин беҳтарин мебуд.

Аммо, албатта, мо ба ин муваффақ намешавем – на ҳамеша ва на аз таҳти дил. Аз ҳамин сабаб Мико пеш аз ҳама дар ин бора мегуфт — ӯ дар бораи одамоне мегуфт, ки дар ҷамъияте ки чун ҷамъияти мо вайрон буд, зиндагӣ мекарданд. Онҳо камбағалонро таҳқир менамуданд ва барои пулу мол ҷангу ҷидол мекарданд; онҳо ҳаёти масрафкунандагии фаровон ва назаррасро ба сар мебурданд. Омӯс онҳоро чун одамоне тасвир намудааст, ки “росткорро ба нуқра, ва камбағалро дар ивази як ҷуфт кафш мефурӯшанд; хоҳони онанд, ки ғубори замин бар сари мискинон бошад” (Омӯс 2:6-7). Исо онҳоро чун одамоне тасвир намудааст, ки “хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯянд” (Луқо 20:47). Ҷузъиёт, эҳтимол, каме дигаргун шудаанд, аммо рафтори умумӣ ҳамон аст — ва на танҳо дар сарваронамон, балки гоҳо дар худи мо. Кадоме аз мо доимо фақат корҳои нек мекунад—ё ақаллан кӯшиш мекунад?

Ба мо ёрӣ даркор аст. Некӯкориҳо вуҷуд доранд; мо онҳоро дурахшон мебинем, гоҳо дар одамоне ки аз онҳо ба ваҷд меоем, ҳатто дар одамоне ки мо онҳоро дӯст медорем ва бо онҳо зиндагӣ мекунем. Мо ин некӯкириҳоро дар худ дидан мехоҳем. Ва барои ин, мегӯяд Китоби Муқаддас, ба мо ёрии Худо даркор аст. Барои ҳақиқатан расидан ба мақсаде ки Худо моро барои он офаридааст — чунон одамоне будан, ки Ӯ моро он гуна дидан мехоҳад, – Рӯҳулқудс даркор аст, Худое ки дар мо сокин аст. Чунон ки сарвари масеҳияти ибтидоӣ Павлус мегӯяд:

Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодӣ, осоиш, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, вафодорӣ, ҳалимӣ, худдорӣ.

Ғалотиён 5:22-23

Ин сифатҳои нек мебошанд, ки Худо дар ҳар касе ки ба Исои Масеҳ имон дорад, ба вуҷуд меоварад. Ин вақти зиёдро – солҳо ва ҳатто тамоми умрро дар бар гирифта  метавонад, чунон ки шумо, албатта, медонед, зеро мебинед, ки масеҳиён низ ба нобарориҳо дучор шуда метавонанд! Аммо дар охир некӯкориҳо меоянд, зеро Худо одамонро ба воситаи қувваи худ аз нав ба вуҷуд меоварад, то ки онҳо бо Худи Исо наздик бошанд. Худо инро  барои ҳар кас мекунад — барои ҳар касе ки ҳақиқатан инро мехоҳад ва дар ин бора хоҳиш мекунад.

admin

Администрирование сайта, перевод статей на другие языки, модерирование.

Similar Posts
Latest Posts from THRED.ASIA

Leave a Reply

Your email address will not be published.