Худназораткунӣ – яке аз он хислатҳое мебошад, ки ҳамаи мо дар бораи он орзу дорем. Барои бисёре аз мо, ин назорати хӯрдани ғизоҳо (питсаи Пеперони, болаззат) мебошад; барои дигарон бошад, бозиҳои видео, шабакаҳои иҷтимоӣ Twitter ва Instagram, ки доимо навсозӣ мекунанд. Барои баъзеи мо, он ба дараҷае мерасад, ки тобеъияти воқеӣ мубуддал мегардад, ва он гоҳ мушкилоти мо боз ҳам бадтар мешаванд.

Аммо худдорӣ аз доираи муборизаи оддӣ бо васваса берун меравад. Оё шумо боре ҳам бо касе зиндагӣ кардед, ки табъи гарм дорад? Ё одамоне, ки сухонони қабеҳи аз даҳнашон баромадоро дидаед, ки худашонро идора карда наметавонанд? Худназораткунӣ – ин як хислатест, ки ҳаётро бо дигар одамон лаззатбахш мекунад; он чизест, ки ҳаётро аз занҷири тӯлонии хашму ғазаб беҳтар мекунад.

Пас масеҳият дар бораи худназораткунӣ чӣ мегӯяд? Оё ягон чизи фоидаовар дар Китоби Муқаддас барои ҳамои мо ҳаст, ки бо ин мушкилиҳо мубориза мебарад?

Худдорӣ – ин яке аз фазилатҳо мебошад ва Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин натиҷаи кори Худо дар мост (Ғалотиён 5: 22-23). Дар асл, суханони дақиқтар карда гӯем, ин «самари Рӯҳ» аст (яъне Рӯҳулқудси Худоро дар назар дорад, ки дар ҳар касе ки ба Исо имон дорад, зиндагӣ мегунад).

Худдорӣ барои ҳамаи масеҳиён баробар аст ва он ба хотири амали Худо дар зиндагии мо аз тарзи рӯй додани он дар зиндагии одамони боқимонда фарқ мекунад.

Биёед аз он ҷое сар кунем, ки фаҳмиши масеҳии худдорӣ бо тафсири дунявӣ мувофиқат дорад. Ба монанди ҳама одамон, масеҳиён низ хоҳишҳо ва ниёзҳо, ҳавасҳо ва ҳадафҳоро доранд ва мо худназораткунӣ лозим аст, то ҳамаи ин чизҳо дар зиндагии мо ҳамоҳанг кор карда тавонанд. Мисли дигарон; мо медонем, ки худназораткунӣ ба ҳамаи мо намерасад. Мо ҳар рӯз бисёр чизҳоро вайрон мекунем. Ва аз ин рӯ ҳамаи мо роҳҳои афзоиш дар ин самтро меҷӯем.

Бисёр китобҳо ва дастурҳои худкӯмакрасонӣ вуҷуд дорад, ки дар бораи рушди беҳтари худназораткунӣ тавсияҳои хуб медиҳанд ва ҳар шахс хоҳ масеҳӣ бошад ё на, метавонад аз он манфиат баст оварад. Вале Худо ба одамон дасти мадад дароз мекунад, ки аз чаҳорчӯбаи “беҳтар кӯшиш кунед” ва ё “кӯшиш кунед, ки оқилтар бошед” (ана ҳамин тавр) берун мебарояд. Зеро ин маслиҳат, чӣ қадаре ки бузург набошад ҳам, ҳанӯз ҳам моро водор мекунад, ки онро мустақилона иҷро кунем. Ва ин бениҳоят душвор аст. Вале ба ҳар касе, ки хоҳиш дорад, Худо мегӯяд: «Бигузоред, ки Ман ба шумо кӯмак кунам. Ба Ман иҷозат диҳед, ки на танҳо аз берун ба шумо маслиҳат диҳам – бигзоред биёям ва дар дохили шумо зиндагӣ кунам ва шуморо ба шахсе табдил диҳам, ки бояд ҳамеша мебудед.” Ин оғози раванди аҷиб, вале баъзан дардовар аст, ки то охири умратон шуморо дар бар мегирад. Рӯҳи Поки Худо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мо, ки ба кӯмак ниёз доранд, корро оғоз мекунад ва ин на ҳамеша он соҳаҳое мебошанд, ки мо мехоҳем фавран ба онҳо диққат диҳем! – ва гоҳе зуд, гоҳе бо сустии тоқатфарсо тағирот ворид мекунад. Ва яке аз ин соҳаҳо худназораткунӣ аст.

Аммо шумо метавонед пурсед: “Ман бисёр масеҳиёнро мешиносам ва баъзеи онҳоро базӯр одамоне меноманд, ки хислати худназоракунии қавиро доранд.” Бале, шумо ҳақ ҳастед ва мо аз ин сабаб ғамгинем. Худо ба мо пешниҳод карда моро тағир медиҳад, аммо мо ҳамеша метавонем он чиро, ки Ӯ кардан мехоҳад, рад кунем – ва дар ҷавоб ба тағйротҳо “не” гуфта, он кореро, ки пештар мекардем, давом додан гирем. Ва баъзе одамон ин корро интихоб мекунанд. Дигарон дар оғози роҳи масеҳии худ ҳастанд ва дар ин роҳ хеле пеш нарафтаанд. Ба ҳар ҳол, дигарон аз нуқтае сар мекунанд, ки нисбат ба он ҷое, ки шумо ҳоло ҳастед, бадтар аст ва аз ин рӯ, вақте ки ба зиндагии худ назар мекунед, гумон мекунед, ки онҳо ҳеҷ пешрафте ба даст наовардаанд (зеро шумо аз куҷо медонед, ки онҳо ин роҳро аз куҷо сар карданд).

admin

Администрирование сайта, перевод статей на другие языки, модерирование.

Similar Posts
Latest Posts from THRED.ASIA

Leave a Reply

Your email address will not be published.