Дар байни мубоҳисаҳои экологӣ буда, ба осонӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки танҳо ду тарафи масъала ҳастанд:

  • Ё муҳити атроф фақат барои мақсадҳои одамон вуҷуд дорад – то ки моро бо захираҳое таъмин намояд, ки барои хӯрокворӣ, сохтмон, тиҷорат ва зиндагӣ даркоранд. 
  • Ё муҳити атроф назар ба инсоният муҳимтар аст, ва аз ҳама муҳимтар – онро дар шакли ибтидоӣ нигоҳ доштан аст. 

Масеҳият ба ин масъала нуқтаи назари тамоман дигар дорад. Ба ҷои муросои радикалӣ ё норавшан мо худро як ҷузъи офариниш меҳисобем. Ин офариниш дар ҷаҳони ба ҳам вобаста, ки Худо бо марҳамати Худ дар давоми ҳамаи замонҳо дастгирӣ менамояд, решаи амиқ дорад.

Ин нуқтаи назар ба мо имкон медиҳад ба парадокси* ҷаҳони дарҳам шикаста ва зебо софдилона чунон нигарем, ки хоҳиши ғамхорӣ намудан дар ҳаққи тамоми офариниш, қадр кардани муҳити атроф, чунон ки он ҳаст, ва умед бастан ба барқароршавии он пайдо мешавад.

Замин иттиҳоди бузурги ҳаётҳо, сарчашма ва макони таъйиноти ҳама мебошад. Он шифодиҳанда, барқароркунанда ва эҳёкунанда аст, ки бо ёрии он беморӣ ба саломатӣ мегузарад, куҳансолӣ ба ҷавонӣ, марг ба ҳаёт. Бе нигоҳубини бояду шояди он мо метавонем тамоми инсониатро аз даст диҳем, зеро бе нигоҳубини бояду шояди он ҳаёт нест.

Венделл Беррӣ
  1. Китоби Муқаддас дар бораи муҳити атроф чӣ мегӯяд?

Масеҳият ҳам ченакҳои ҷисмонӣ, ҳам ченакҳои рӯҳонии воқеиятро таъкид менамояд. Китоби Муқаддас аз он сар мешавад, ки Худо дар Ҳастӣ 1 – 2 ҷаҳонро меофарад. Ҳангоми хондани ин ҷои Навишта маълум мешавад, ки Худо аз он чи офарид, хеле хурсанд аст; пеш аз он ки дар сайёра одамон пайдо шаванд, Худо ҷаҳонро хуб номид. Худо барои одамони аввалин, Одам ва Ҳавво муқаррар намуд, ки дар ҷаҳони пур аз ҳаёт, ҷаҳони боғи Адан зиндагӣ кунанд. Ҳамчун мавҷудот, онҳо бояд дар офариниши Худо нақши муҳим мебозиданд ва назораткунандагон, ё идоракунандагони асосии он мебуданд (Ҳастӣ 2: 15).

Мутаассифона, ҳангоме ки Одам ва Ҳавво фармудаи Худоро сарфи назар намуда, қарор доданд, ки бе ёрии Худо зиндагиро пеш бурда метавонанд, ба ин ҷаҳон вайронӣ, дард ва азоб омаданд. Аён аст, ки байни муҳити атроф ва мо чун одамон фосилаи калон вуҷуд дорад. Бисёрии ҷонварон аз мо метарсанд, ва бисёр навъҳои нотакрори ҷонварон нобуд шудаанд ё одамон онҳоро нобуд кардаанд.

  1. Офатҳои табиӣ моро ба даҳшат меоваранд.

Гуноҳкоршавӣ ба муҳити атроф таъсири ҷиддӣ расонд, ва ҳамаи он вайрониҳо, ки дар табиат рӯй медиҳанд,  аз ҳамин сабаб аст. Румиён 8:19-22 мефаҳмонад, ки табиат интизори аз ҷониби Худо барқарор карда шудани осмон ва замин аст.

Ғайр аз ин, одамони гуноҳкор, ки пас аз Одам ва Ҳавво буданд, вазифаи нигаҳбонии муҳити атрофро сарфи назар  карда, аз мақоми худ суиистифода менамуданд. Мо гоҳо дидаву дониста, ва гоҳо зарари ба худ, ба дигарон ва ба офариниши атроф мерасондамонро дарк накарда, вазифаи додаи Худоро иҷро накардем. Дар Китоби Муқаддас возеҳу равшан гуфта шудааст, ки ҳангоме мо чун нигаҳбонони офариниш зиста наметавонем, тамоми офариниш ҳамроҳи мо азоб мекашад.

  1. Оё мо зарареро, ки ба муҳити атроф расонидаем, ақиб гардонда метавонем?

Боз ҳам, дар ин ҷо ба осонӣ нуқтаҳои назари асосиро дидан мумкин аст:

  • Агар офариниш аллакай вайрон шуда бошад, шояд беҳтар он аст, ки аз он ҳама чизи бароямон даркориро гирем? Ё… 
  • Азбаски офариниш вайрон шудааст, фақат мо бояд онро ислоҳ кунем ва барои ин ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем. 

Агар мо нуқтаи назари якумро гирем, мо, моҳиятан, Офаридгорро сарфи назар менамоем, ки гуфтааст, ки «Офариниш» «хуб аст» (Ҳастӣ 1:31); агар мо муҳаббатамонро ба офариниш аз даст диҳем, пас мо муҳаббатамонро ба Офаридгор аз даст медиҳем.

Агар мо нуқтаи назари дуюмро гирем, мо бисёр корҳои хуб карда метавонистем, аммо мо, эҳтимол, зуд аз кор мебароем, зеро лоиҳаеро ба уҳда мегирем, ки аз ҳудуди имкониятҳои мо берун аст.

Масеҳиён бовар мекунанд, ки ҳангоме Исои Масеҳ мурд ва зинда шуд – ҷаҳони боғи Адан ба барқароршавӣ сар кард. Нобарориҳои моро ҳамчун нигаҳбонони ин замин Исо бахшидааст, ва зараре ки аз боиси ин нобарориҳо расидааст, дар ниҳояти кор шифо дода мешавад (Ишаъё 11:6-9, Ҳизқиёл 34:23-31; Ваҳй 22:1-2).

  1. Инсоният ва муҳити атроф умед ва ояндаи умумӣ доранд.

Ба ҷои он ки ба мушкилоти экологӣ аз боиси тарс ё хавотиршавӣ аз Охири замон аксуламал намоянд, масеҳиён дар ҳаққи тамоми офариниш ғамхорӣ намуда, аз он ҳаловат бурданро давом медиҳанд, зеро ин дар назари Худо хуб аст, ва бо боварӣ ба он ки ба шарофати Исо, Худо дар ниҳояти кор заминро аз ин ҳолати шикаста, аммо зебо, нав мекунад (Ишаъё 65:17, 66:22; 2 Петрус 3:10-13; Ваҳй 21:1). Мо барои он аз нав зода шудаем, ки як ҷузъи кори Худо оид ба ғамхорӣ, ҳифз намудан ва барқарор кардани муҳити атроф бошем. Барои масеҳиён ғамхорӣ ба муҳити атроф – фаъолияти додаи Худо аст.

Ва новобаста ба он ки шумо ба чӣ бовар мекунед — ё бовар намекунед — ин матнҳои муқаддас барои ҳамаи онҳое ки чӣ маъно доштани нигаҳбони хубро фаҳмиданӣ мешаванд, фоиданок буда метавонанд. Дар замин кор кардан, хӯрокворӣ рӯёнидан, ҳосил ғундоштан, дар саҳро истироҳат кардан, чорводорӣ кардан, мутеъ намудани бод, офтоб ва ҳатто сӯзишвории канданӣ. Ба замин бо нигоҳи ҳушёрона ба гузашта, ҳозира ва оянда “ғамхорӣ намудан” — чунки ҳамеша натиҷаҳои амалҳои мо вуҷуд доранд. Ва дар ҳаққи халқи худ ғамхорӣ намуда, дар ҳамаи замонҳо ба шахсони нотавон диққати махсус додан. (1 Қӯринтиён 12: 22).

  1. Ҷаҳони мо чун пештара ҷои беандоза хуб аст.

Масеҳиён ҷаҳонро, ҳатто дар ҳолати ҳозираи он, чун офариниши муъҷизаосо дида метавонанд. Дуруди ситоиши Худои пурмарҳамати мо тамомнашаванда аст.

Аммо мо гумон намекунем, ки ҳама чизро мустақилона ислоҳ карда метавонем. Барои масеҳиён умеди ниҳоии сайёраамон на дар кӯшишҳои инсон, балки дар ваъдаи Исо аст, ки Ӯ тамоми коинотро аз вайронии ниҳоӣ барқарор менамояд ва нав мегардонад.

  1. Акнун чӣ бояд кард?

Онро ҳифз намудан. Мо  бояд ба ҷаҳон ва муҳити табиии худ ғамхорӣ намоем, ва захираҳои табииро беҳуда сарф накунем. Табиате ки мероси мост, ба мо иҷозат намедиҳад, ки аз уҳдадории ғамхорӣ намудан ба ин замин даст кашем.

Дар ҳайати даста кор кардан. Қарорҳои инфиродӣ хеле муҳиманд, аз қабили коркарди дубораи партовҳо, кам кардани истифодабарӣ ва ҳифзи ҳайвонот. Аммо ин масъала берун аз масеҳият аст. Мо чунин меҳисобем, ки бояд муттаҳид шавем, то ки ба муҳити атроф ғамхорӣ намоем ва умуман ба ҷамъият ёрӣ расонем.

Одамон афзалиятнок мебошанд. Китоби Муқаддас возеҳу равшан нишон медиҳад, ки одамон дар байни тамоми офариниш нотакрор ва махсус мебошанд. Хизматгузории Исо пеш аз ҳама ба одамон нигаронида шудааст, аз ҳамин сабаб мо бояд боэҳтиёт бошем, то ки ғамхории мо ба муҳити атроф бар зарари эҳтиёҷоти асосии одамон набошад.

Баромада, аз табиат ҳаловат баред. Ҷамъияти мо торафт бештар технологияҳои рақамиро истифода мебарад ва торафт камтар аз табиат ҳаловат мебарад. Худо ба мо намегӯяд, ки вақтро чӣ гуна гузаронем, аммо худи мавҷудияти офариниши ба таври ҳарайтовар зебо – даъватест ба он ки аз он ҳаловат барем.

Боғ шинонед. Чунин метобад, ки боғҳо дар таърихи ҷаҳон мақоми махсус доранд – боғи Адан  (Ҳастӣ 2: 8), боғи Ҷатсамонӣ (Матро 26:36), ва ҳангоме ки замин нав мешавад, тимсоли боғе истифода мешавад, ки шаҳрро фаро мегирад (Ваҳй 22:1-3).

Худо дар ин ҷост. Мо, ҳамчун идоракунандагон, барои амалҳое худ, ки ба муҳити атроф таъсир мерасонанд, масъулият дорем. Дар ниҳояти кор, Худо ба ваъдаи ғамхорӣ намудан дар ҳаққи мо вафо мекунад, бо вуҷуди хатоҳо ва қарорҳои нодурусти мо. Ӯ худи ҳамин корро бо тамоми офариниши Худ мекунад.

Умқҳои замин дар дасти Ӯ мебошанд, ва қуллаҳои кӯҳҳо аз они Ӯ ҳастанд. Баҳр аз они Ӯст, онро Ӯ ба вуҷуд овардааст, ва хушкиро дастҳои Ӯ офаридааст.

Забур 95:4-5

*Парадокс – 1) андеша, муҳокимае, ки бо ақидаҳои умумӣ қабудшуда мухолиф аст, дар назари аввал аксар вақт зидди ақли солим аст; 2) зиддияти расмӣ – мантиқӣ, ки дар назарияи пурмазмуни маҷмӯҳо ва мантиқӣ, формалӣ ҳангоми нигоҳ доштани дурустии мантиқии сатри муҳокима ба миён меояд; 3) падидае, ки ба андешаҳои маъмулӣ мувофиқ нест.  

, ,
admin

Администрирование сайта, перевод статей на другие языки, модерирование.

Similar Posts
Latest Posts from THRED.ASIA

1 Comment

  1. Очень понравилась та мысль, что Бог восстанавливает творение через Иисуса Христа.

Leave a Reply

Your email address will not be published.